Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара таҷриба меомўзанд

Январь 12, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 12.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 15 январ донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар филиали кафедраи меваю сабзавот ва токпарварии донишгоҳ, ки дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара амал мекунад, таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимӣ мегузаранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи аграрӣ. 

7 январ Ректори Донишгоҳи аграрӣ Усмон Маҳмадёрзода бо раванди таҷрибаомӯзӣ ва шароити корию истироҳатии донишҷӯён шинос шуд.

Донишҷӯён ҳамасола таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимиашонро дар ин филиал мегузаранд. Дар хоҷагӣ тамоми шароити корию истироҳатӣ барои таҷрибаомӯзон фароҳам оварда шудааст. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷўён дониши назариявии омӯхтаашонро дар амал тадбиқ намуда, бад-ин васила малакаи касбиашонро баланд мебардоранд. Ин ҳама барои мутахассиси соҳа шудан заминаи мустаҳкам гузошта, ба рушди истеҳсолот мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Январь 12, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид