Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати интернет пойгоҳҳои заминавӣ насб карда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқаи мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дода буданд, шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, тибқи нақшаи тасдиқгардида айни замон пойгоҳҳои зикршуда ба мамлакат ворид карда шуда истодаанд. Инчунин марҳилаи якуми насби онҳо, ки корҳои санҷишӣ- техникӣ, аниқ намудани ҷойи иловагии насби онҳоро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.
Номбурда дар мавриди паст намудани нархи интернет ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар ин самт корҳои иқтисодӣ ва технологӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик амалӣ карда мешаванд. Албатта, баъд аз корбарӣ нархи интернет паст мегардад.
Тазаккур дода шуд, ки соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насби истгоҳҳои базавии ширкатҳои алоқаи мобилӣ 736 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст.
Дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни умумии алоқаи мобилӣ қариб 8,3 миллионро ташкил медиҳад, аз ҷумла 6,4 миллион нафари онҳо фаъол мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






