Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати интернет пойгоҳҳои заминавӣ насб карда мешаванд»

Январь 30, 2023 11:17

ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқаи мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Паёми солона  ба Маҷлиси Олӣ  ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ  ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дода буданд, шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, тибқи нақшаи тасдиқгардида  айни замон пойгоҳҳои зикршуда  ба мамлакат ворид карда шуда истодаанд. Инчунин марҳилаи якуми  насби онҳо, ки корҳои санҷишӣ- техникӣ, аниқ намудани ҷойи иловагии  насби онҳоро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.

Номбурда дар мавриди  паст намудани нархи интернет ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар ин самт  корҳои иқтисодӣ ва технологӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик амалӣ карда мешаванд. Албатта, баъд аз корбарӣ  нархи интернет паст мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насби истгоҳҳои базавии ширкатҳои алоқаи мобилӣ 736 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст.

Дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни умумии алоқаи мобилӣ қариб 8,3 миллионро ташкил медиҳад, аз ҷумла 6,4 миллион нафари онҳо  фаъол мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2023 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад