Игор Черевченко сармураббии дастаи «Истиқлол» мешавад

Январь 16, 2023 12:31

ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мураббӣ аз Россия Игор Черевченко бо дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон шартнома мебандад. Маросими имзои шартнома бояд дар Душанбе сурат гирад. Черевченко мушаххас кард, ки барои ҳалли ин масъала рӯзи душанбе, 16 январ аз Москва ба пойтахти Тоҷикистон парвоз менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Муҳлати шартнома як сол аст», — гуфт Игор Черевченко ба ТАСС.

АМИТ «Ховар» қаблан дар бораи пешниҳоди шартнома аз ҷониби дастаи футболи «Истиқлол» ба Игор Черевченко хабар дода буд. Ҳамзамон зодаи Тоҷикистон дар заминаи ихтисоси мураббигӣ пешниҳодҳои зиёде дарёфт кардааст. Маълум аст, ки Черевченко ин шартҳоро бо якчанд дастаҳои дигар муҳокима мекунад, ки миёни онҳо бошгоҳҳо аз ИДМ низ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 Игор Черевченко вазифаи сармураббии дастаи «Химки»-ро тарк кард. Сабаби рафтани ӯ аниқ нашудааст, аммо тарафҳо бо мувофиқаи дуҷониба шартномаро қатъ карданд.

Қаблан Черевченко дар мусоҳиба бо расонаҳои Россия гуфта буд, ки нияти қатъи мураббигӣ надорад ва имконоти мухталифи кор, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад. Ӯ нақша дошт, ки аллакай зимистон дастаи нави футболро роҳбарӣ кунад.


Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ писари футболбози маъруф, ҳоло марҳум Геннадий Черевченко аст, ки тақрибан тамоми фаъолияти худро дар «Помир»-и Душанбе гузаронида, солҳои зиёд ба ҳайси сарбони ин даста фаъолият кардааст.

Солҳои 1993-1994 Игор Черевченко дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, бо бозиҳояш дар дастаи «Локомотив»-и Москва низ маъруф аст. Дар нимаи дуюми солҳои 90-ум ӯ яке аз бозигарони асосии даста буд. Яке аз се футболбози Федератсияи Россия ҳамроҳ бо Дмитрий Парфенов ва Сергей Семак аст, ки ҳам ҳамчун бозигар ва чун сармураббӣ Ҷоми Россияро ба даст овардаанд.

Игор Черевченко Душанбеи азизашро фаромӯш намекунад ва тақрибан ҳар сол ба ин ҷо омада, дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба поси хотири падараш мусобиқаи кӯдакона мегузаронад.

Дастаи «Истиқлол» ғолиби феълии чемпионати Тоҷикистон аст. Ин даста 11 маротиба ҷой аввалро гирифта, 9 маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст, ки ин низ рекордӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 16, 2023 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид