ПАЁМ НАВИДЕ ФАРАҲБАХШ. Бардоштҳои мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода дар ин бора
ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳарсол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун навиди фараҳбахше интизорӣ мекашанду истиқбол мегиранд. Муддати бист сол аст, ки халқи Тоҷикистон баъди ҳар як паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳо дар зиндагии худ эҳсос мекунанд. Яке аз хусусиятҳои хоси ин ҳуҷҷати стратегии давлат он аст, ки дар баробари дигар масъалаҳо ҳалли масоили зиёди иҷтимоиро низ фаро мегирад. Чунин изҳор медорад мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид.
Дар идома муаллиф чунин нигоштааст:
— Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».
Дар паёми навбатӣ дар баробари дигар соҳаҳо бурду бохти соҳаҳои иҷтимоӣ низ пурраву амиқ таҳлил гардида, дурнамои рушди онҳо барои давраҳои минбаъда муайян карда шуданд.
Дар ин росто ба дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ки дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи махсус дорад, таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи паёми навбатӣ аз паёмҳои дигари Сарвари давлат низ дар ҳамин аст. Иқдомҳо дар ин самт ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ибтидо гирифта, бо шаклу усулҳои гуногун идома доранд.
Ҳар сол дар арафаи иду ҷашнҳо ба тамоми табақаҳои ниёзманди ҷомеа махсусан тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, туҳфаҳои Президенти мамлакат тақдим мегарданд. Ҳангоми ташрифи Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии мамлакат мулоқоти Сарвари давлат бо ятимону бепарасторон ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин мулоқотҳо баробари расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимон Пешвои миллат ҳамеша суҳбати самимонаро бо онҳо доир менамоянд, ки абадан дар хотири онҳо нақш мебандад.
Гузашта аз ин, мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои мамлакат ба мактаб-интернатҳо вобаста гардидааст ва онҳо аз рӯзгори тарбиятгирандагон мунтазам хабар мегиранд.
Чун анъанаи нек дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи мазкур дар маркази диққат қарор дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд».
Дар асоси супориши Сарвари давлат бори аввал барои тамоми шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ дар маҷмуъ 285 миллион сомонӣ кумаки яквақта расонида шуд.
Дар баробари ин Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ расондани маблағи пешбинишуда чораҷӯйӣ намояд.
Илова бар ин, бо супориши Сарвари давлат аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 ва нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Чунин иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат табақаҳои осебпазири аҳолиро ба зиндагӣ дилгарм намуда, барои беҳбудии рӯзгори онҳо мусоидат мекунад.
Дарвоқеъ амалӣ гардидани барномаҳову стратегияҳои таҳиягардида ба баланд шудани даромади пулии аҳолӣ, афзоиши андозаи музди миёнаи меҳнат, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, ки меъёрҳои асосиии баҳогузорӣ ба рӯзгори шоистаи мардум мебошанд, мусоидат намуда, аз дурустии сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз идомаи ҳамин сиёсати созанда дар паёми навбатӣ ёдрас шуда, изҳор доштанд, ки “мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем”.
Муҳиддин ПАЙШАНБЕЗОДА,
мушовири бахши Ёрдамчии ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид






