Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода: «Соли 2022 дар Тоҷикистон 221 мактаб ва кўдакистон бунёд гардиданд»
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи маориф 221 мактаб ва кўдакистон сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 6,4 миллиард сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 14,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2022 дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январи соли равон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуда, 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар ин замина, ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи маориф ҳамкориро бо шарикони рушд низ тақвият мебахшад. Масалан, тавре моҳи декабри соли 2022 АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии иттилоотии Арабистони Саудӣ хабар дода буд, Бонки исломии рушд барои рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон 9,5 миллион доллар ҷудо намуд.
Мисоли дигари гуфтаҳои боло — ин ифтитоҳи аввалин Маркази миллии ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Марказ ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷараёни иҷрои Барномаи ғизои мактабиро назорат кунад, ки ин қадами муҳим дар роҳи ба хусусияти воқеан миллӣ табдил ёфтани он хоҳад буд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






