Ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро ба Теҳрон оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро ба пойтахти Эрон- шаҳри Теҳрон ба роҳ мемонад. Интизор меравад, ки парвози нахустин дар ин самт 31 январ анҷом дода шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, вақти парвоз аз Душанбе соати 17:30, аз Теҳрон — 20:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар асоси ҷадвали муқарраршуда, аз 10 феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон мунтазам ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 14:30, аз Теҳрон соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ муайян карда шудааст. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Теҳрон 2 соату 50 дақиқа, дар самти баргашт 2 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқоли ҳавоӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва афзоиши ҳавопаймоҳои худ нигаронида шуда, дар айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
АКС: «Сомон Эйр»








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






