Ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро ба Теҳрон оғоз менамояд

Январь 26, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро ба пойтахти  Эрон- шаҳри Теҳрон ба роҳ мемонад. Интизор меравад, ки парвози нахустин дар ин самт 31 январ анҷом дода шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Тибқи хабари манбаъ, вақти  парвоз аз Душанбе  соати 17:30, аз Теҳрон — 20:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар асоси ҷадвали муқарраршуда, аз  10 феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон мунтазам ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 14:30, аз Теҳрон соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ муайян карда шудааст. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Теҳрон 2 соату 50 дақиқа, дар самти баргашт 2 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқоли ҳавоӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва афзоиши ҳавопаймоҳои худ нигаронида шуда, дар айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

АКС: «Сомон Эйр»

Январь 26, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд