СУРАТ-ДАЛЕЛ. Инъикоси ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе аз дурбини суратгири АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирўз, 29 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кори кишоварзӣ — Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда буд. Дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Суратгири АМИТ «Ховар» Тоҳирҷони САИД ҷараёни баргузории ин ҷашнро аккосӣ намуд, ки чанд намунаи онро манзури хонандагони сомона менамояд: