ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 январ, чоршанбе, 11-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 11, 2023 08:00

11 январи соли 2014  дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуд.

***

13 сол пеш, 11 январи соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Созишнома миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омода кардани лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА  олими ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори Ҷоизаи ба номи Питер Каптстик гардид.

11 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ташаккур.

***

Дар Албания- Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

11 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе консерти мусиқии муосири асбоби мусиқавии маъмулии японии кото ва сямисен баргузор гардид.

***

11 январи соли 2018  дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин «Маркази иттилоотии сайёҳӣ» ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1989 намояндагони 149 давлати дунё зери баёния дар бораи манъи истифодаи газҳои заҳролуд ва яроқи биологию химиявӣ имзо гузоштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки олимони тоҷик навъи нави картошкаро коркард кардаанд.

Январь 11, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст