ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 январ, ҷумъа, 13-умин рӯзи соли 2023 аст
13 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он, аз ҷумла, зикр гардид: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ, 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд».
***
7 сол пеш, 13 январи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи эълон намудани соли 2017 Соли ҷавонон фармон ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки мувофиқи он дар баробари Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба дигар бонкҳо, ба монанди «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Бонки Эсхата» ҳуқуқи фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» дода шуд.
13 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Того — Рӯзи озодӣ.
***
Рӯзи матбуоти Россия.
***
Дар Литва — Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
13 январи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисодӣ» — ро баррасӣ намуд.
***
13 январи соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овард, ки аз гардиши ғайриқонунии аcъори хориҷӣ боэҳтиёт бошанд.
***
13 сол пеш, 13 январи соли 2010 дар Ню-Йорк ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1993 дар Париж Конвенсия дар бораи манъ намудани коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи химиявӣ ва нобуд кардани он қабул карда шуд.
***
13 январи соли 2000 бойтарин шахси ҷаҳон Билл Гейтс аз роҳбарии ширкати «Майкрософт» рафта, ин вазифаро ба зиммаи Стив Болмер гузошт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1703 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Ведомости» нашр шуд.