ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 январ, чоршанбе, 18-умин рӯзи соли 2023 аст

Январь 18, 2023 08:00

18 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро  баррасӣ намуданд.

***

6 сол пеш, 18 январи соли 2017  дар  шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуданд.

***

18 январи соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.

18 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

18 январи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 додгоҳи Покистон нисбат ба собиқ президенти ин кишвар Парвиз Мушарраф аз рӯи парвандаи куштори роҳбари миллатгароёни Балуҷистон Акбар Бугти (соли 2006) ҳукми сафедкунанда баровард.

***

18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват ба амал оварданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор  намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатар ба саломатӣ нависанд.

***

18 январи соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

***

Соли 1925 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Новый мир» («Ҷаҳони нав») нашр шуд.

Январь 18, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш