ТАВАҶҶУҲ! Агентии «Тоҷикстандарт» ба ронандагон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми харидории «Антифриз» ба сифати он аҳамият диҳанд
ДУШАНБЕ, 12.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозори истеъмолии дохилии Тоҷикистон баъзе аз соҳибкорон навъҳои пастсифату ғайристандартии моеи зиддисардӣ, ба истилоҳ «Антифриз»-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд, ки бар зарарари истеъмолкунандагон аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.
«То ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти серталаботро тақаллубкорӣ карда, ба шакли он монанд маҳсулот истеҳсол мекунанд, вале ба сифату таркиби он аслан аҳамият намедиҳанд. Чораҷуиҳои вақтҳои охир ва санҷишҳои озмоишгоҳӣ маълум кард, ки дар баъзе аз ин намуди маҳсулот ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда дигар чизе мавҷуд нест, ҳоло он ки таркиби худи моеи Антифриз танҳо аз об, спирти 2 атома этилингликол ва маводи рангкунанда иборат аст», — омадааст дар муроҷиатномаи агентӣ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввали гузаронидани озмоиш аллакай таҷҳизоти санҷишӣ нишон дод, ки истифодаи он дар фасли зимистон танҳо бар зарари ронандагон аст
«Гарчанде теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартӣ аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо мусодира шуда бошад ҳам, аммо бемасъулиятӣ ва андешаи даромади муфт вуҷуди қаллобонро тарк намекунад. Бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ фурӯшандагони зиёде низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа харидор зарари молӣ мебинад», — тазаккур доданд дар агентӣ.
Аз ин рӯ, Агентии «Тоҷикстандарт» огоҳ менамояд, ки ҳангоми хариди ин маҳсулот аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоянд, то ҳангоми истифодаи моеи «Антифриз» дар ҳолати ногувор қарор нагиранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






