««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Хонандагони Мактаби президентӣ дар Хоруғ ба озмун омодагии ҷиддӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 30.01.2023 /АМИТ«Ховар»/. Хонандагони Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ» барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»— оинаи таърихи миллат» ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба муассисаи мазкур хабар медиҳад.
Тибқи низомнома, озмуни мазкур аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2023 доир карда мешавад.
Даври якуми он моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, даври дуюм моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор мешавад. Даври сеюми озмун нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барпо мегардад. Даври чоруми озмун нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти бештари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад.
АКС: МТД «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






