Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд

Январь 25, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 25.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар шаҳри Тошканд вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда шуд.

Вазирон ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар пойтахти Узбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Январь 25, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд