30-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Артиши миллӣ дар муддати кӯтоҳ соҳиби мактаби милливу муосир гардидааст

Февраль 20, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 сол пеш барои таъсиси  Артиши миллӣ, ки тавонад истиқлоли давлатии моро ҳифз кунад,  монеаву мушкилоти  зиёде пеш омад. Иродаи қавӣ, матонат, хирадмандию ватандўстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин мушкилот рафъ гардид ва имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба яке аз артишҳои неруманди минтақа табдил ёфтааст. Чунин иброз намудааст Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Номбурда дар идомаи матлабаш чунин изҳори назар кардааст:

— Роҷеъ ба таъсиси Артиши миллӣ  ва ҳамзамон талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлати навини тоҷикон ва саодати ҳамешагии миллат собиқ фармондеҳи дивизияи 201-уми Федератсияи Русия Виктор Тимофеев дар ёддоштҳои хеш чунин навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон ифтихори шумост, бояд фахр кунед, ки тоҷикед ва чунин Пешво доред. Ояндаи Тоҷикистон дурахшонтар аст. Ватанро дӯст доред ва ба қимати ҷони худ онро ҳимоя кунед».

Ин нукта бар он ишора менамояд, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд ба қадри ин заҳматҳо бирасад ва шукргузор бошад, ки дар давраи мушкили геосиёсӣ соҳиби давлати миллӣ гардид ва ин ҳам ба шарофати талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳимояи марзу буми мамлакат бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои ватан мебошад ва хушбахтона, ин масъулият ва вазифаи худро фарзандони меҳандӯсти давлат, сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро мекунанд. Ин шаҳодат аз неруи бузург ва тарбияи баланди касбиву маҳорати афсарону аскарони Артиши миллӣ мебошад.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон яке аз бузургтарин қувваҳои низомӣ ба ҳисоб меравад ва аллакай дар муддати кӯтоҳ соҳиби мактаби милливу муосир гардидааст, ки ин дастоварди бузург мебошад.

Мешавад бемуҳобо гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори мактаби миллии низомии мамлакат мебошад. Афсарону сарбозони Тоҷикистон аллакай дорои мактаби хоссае ҳастанд, ки дар робита бар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора намуда буданд: «Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандиашонро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо менамоянд».

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва саодати комил аз суботу осоиштагии мамлакат меболанд, ки дар ин ҷода хизмати сарбозони далери Ватан ва афсарони шуҷои Артиши миллӣ басо бузург мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Артиши миллӣ ва хизмати бузургу нақши он дар таъмини суботи мамлакат чунин менигоранд: «Мо ба шарофати истиқлолият соҳиби Артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди неруҳои низомии мо корҳои бисёре истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар афсару сарбозро лозим аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳад, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқати ба халқу Ватан доштаи наслҳои гузашта сабақ гирад».

Ватандӯстӣ ва садоқат бар миллат барои ҳар фарзанди мамлакат бояд шиори аслӣ бошад, чунки танҳо фарзандони ватандӯст ва садоқатманд ба арзишҳои олии инсонӣ ва нигоҳдорандаи оини ватандорӣ метавонанд дар лаҳзаҳои душвор ҷон ба каф гирифта, аз марзу буми хеш дифоъ намоянд.

Президенти Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа ин ҳамаро бо чашми хирад дида, Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаҳониён фаротар аз Пешвои як миллат Пешвои асри XXI муаррифӣ карда буд:

«…Мо – ҳамагон пайи суроғи шахсе — Пешвои асри XXI ҳастем: бояд ба Марде, ки дар замони низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои давлаташ интихоб намуд, ба Марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин  кард, ба Марде, ки дар ҳамдӯстӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар эҷоди ояндаи неки мамлакат, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент — Эмомалӣ Раҳмон аст…».

Воқеан ҳам нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сохтани давлати миллии тоҷикон бузургу таърихист ва маҷрои таърихи ҷаҳониро тағйир доду миллати бо сабабҳои хиёнати душманон аз империяи бузурги тоҷикон маҳрумгардидаро соҳиби давлати миллӣ сохт.

Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама талошҳову заҳматҳо бирасанд ва фикри ҳимояву созандагии Ватани азизро барои ҳамешагӣ дошта бошанд. Ҳимояи марзу буми мамлакат вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тут барои организм фоидаовар буда, ҷигарро аз чарбҳои зиёдатӣ пок мекунад