Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд

Февраль 24, 2023 13:37

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи 22-юми зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласаҳои кумитаҳои умумӣ қариб 250 вакил аз 50 давлати дунё масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, илмӣ технологӣ, гуманитарӣ ва муҳити зист, инчунин демократия, ҳуқуқи инсон ва якчанд масъалаҳои дигари мубрами сатҳи ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия имрӯз бо суханронии масъулини Ассамблеяи парлумонии созмони мазкур ба итмом мерасад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2023 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид