Ҳаракати олимпӣ барои кумак ба зарардидагони заминларзаи Туркия ва Сурия як миллион доллари ШМА ҷудо мекунад

Февраль 15, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати олимпӣ барои кумак ба ҷомеаи олимпӣ, гурезагон ва оворагон дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия ва Сурия як миллион доллари ШМА ҷудо мекунад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар пайи заминларзаи харобиоваре, ки дар Туркия ва Сурия рух дод, Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Шӯрои олимпии Осиё (ШОО), Кумитаи олимпии Аврупо (КОА) ва Фонди паноҳандагони олимпӣ (ФПО) дар маҷмӯъ 1 миллион доллари ШМА кумак хоҳанд кард, ки ба ҷомеаи олимпӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида пешбинӣ шудааст.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё ҳар кадом 250 000 доллари ШМА, Кумитаи олимпии Аврупо 250 000 евро ва Фонди паноҳандагони олимпӣ барои кумаки фаврӣ ба аҳолии маҳаллӣ ва зарардидагон дар Туркия ба маблағи 260 000 доллари ШМА ҷудо мекунанд.

«Мо бо таассуфи зиёд дар бораи талафоти фоҷиавии одамон ва харобиҳои заминларзае, ки дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия ва Сурия рух дод, хабар ёфтем, — гуфт президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах. — Мутаассифона, дар байни ҳалокшудагон як гурӯҳ варзишгарон ва аъзои ҷомеаи олимпӣ ҳастанд, дар ҳоле ки бисёриҳо манзилҳои худро аз даст додаанд ва инфрасохтори варзишӣ осеби ҷиддӣ дидааст. Кумаки аввалини фаврии мо дар Туркия тавассути Фонди паноҳандагони олимпӣ ва шарикони онҳо дар маҳал интиқол дода мешавад. Дар Сурия мо бо созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ва оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки метавонанд ба минтақаҳои осебдида дастрасӣ дошта бошанд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо фаҳмидем, ки ҳоло ниёзи бештар ба ғизо, дору ва хаймаҳост».

Бо назардошти таъсири харобиовар ба онҳо, оилаҳои онҳо ва ҷомеаи мизбон саҳми Фонди паноҳандагони олимпӣ барои кумаки башардӯстона, аз қабили таъмини либос, кӯрпа, ғизо ва манзил истифода мешавад.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид