АЗ ЯХИСТОНҲО ТО ТАЪСИСИ ГЕОПАРКИ ПИРЯХҲО ДАР ВАНҶ. Андешаҳои номзади илмҳои таърих Қурбон Аламшоев дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 26.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мушкилии тағйирёбии иқлим, ки имрӯз ба ҷаҳон аз ҳар сӯ панҷа мезанад, башариятро дар рӯ ба рӯи хатарҳои зиёд қарор додааст. Тибқи таҳлил ва пешгӯии олимони ҷаҳон, таъсири номатлуби ин падида бахусус барои минтақаи кӯҳистонии кураи Замин аз ҳама бештар аст. Дар ин хусус номзади илмҳои таърих, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоев дар мақолаи хеш изҳори андеша намудааст, ки матни пурраи он пешкаши хонандагон мегардад.
Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Яке аз нуктаҳои пураҳамият, ки қариб дар ҳамаи паёмҳо, аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 боз такроран таъкид карда шуд, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мавзӯи тағйирёбии иқлим мебошад. Дар робита ба ин масъала муҳимтарин иттилоъ, ки перомуни тағйирёбии иқлим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём садо дод, ин қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон буд.
Маҷмаи Умумии СММ соли 2025-ро Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълом кард.
Пиряхҳо аз муҳимтарин боигариҳои давлати моанд ва ин иқдом албатта, мояи фахри тамоми тоҷикистониён аст.
Вақте мо вожаи «пирях»-ро ба забон меорем, дар пеши назари мо, қабл аз ҳама, кӯҳҳои сар ба осмон ва вақте кӯҳ мегӯем, дар пеши чашм пиряхҳои лоҷувардӣ, қуллаҳои сарсафед пайдо мешаванд. Яъне кӯҳу пирях бо ҳам чунон тавъаманд, ки бидуни ҳам наметавонанд вуҷуд дошта бошанд.
Панҷсолаи амал барои рушди минтақаҳои кӯҳӣ
Пешниҳоде, ки Тоҷикистон ба СММ дар бораи ҳифзи пиряхҳо ироа кард, манзураш на танҳо ҳифзи пиряхҳост, балки он ҳадафи глобалӣ дошта, мақсади ниҳоияш дифоъ аз олами кӯҳистон ва экосистемаи он аст.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин чанде пеш дар қатъномаи дигари сесолаи худ оид ба рушди устувори кӯҳистон солҳои 2023-2027-ро «Панҷсолаи амал барои рушди минтақаҳои кӯҳӣ» эълон кард, ки ташаббуси Тоҷикистонро қувват мебахшад.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии шарикии кӯҳистон (Mountain Partnership), кӯҳҳо ҳудуди 27 дарсади сатҳи Заминро пӯшонда, тақрибан нисфи марказҳои гуногунии биологии ҷаҳонро дар худ ҷо додаанд. Онҳо махзани обҳои ширин маҳсуб шуда, ниме аз башариятро бо об таъмин мекунанд.
Ғайр аз ин кӯҳҳо макони иддае аз гиёҳҳо ва ҷонварони ғайриодӣ, ҷомеаҳои зиёди гуногунфарҳанг, гуногунзабон ва гуногунанъана мебошанд.
Кӯҳҳо дар ҳаёти тоҷикистониён, бахусус дар василаҳои зиндагии онҳо- аз танзими иқлим сар карда, то таъмин бо об, ҳифзи хок ва нигаҳдории он нақши калидӣ доранд. Бо вуҷуди ин пӯшида нест, ки кӯҳҳо ҳоло аз таъсири тағйирёбии обу ҳаво бештар аз ҳама ранҷ мебаранд ва дар навбати худ хатарҳоро барои одамон ва сайёра дучанд мекунанд. Тағйирёбии иқлим ба ҷараёни обҳо таҳдид мекунад. Болоравии босуръати ҳарорат намудҳои ҳайвоноти кӯҳӣ ва одамонеро, ки аз ин экосистемаҳо вобастаанд, маҷбур мекунад, ки ё ба муҳит бо душворӣ мутобиқ шаванд ё ин ки муҳоҷиратро пеша намоянд.
Фарсоиш ё эрозияи хок дар кӯҳистон, аз даст додани ҷангалзорон ва буттазорон метавонад дар мавзеъҳои мардумнишин боиси аз даст додани муҳити зист гардад. Эрозия ва ифлосшавӣ сифати обҳоеро, ки ба поён ҷорӣ мешаванд, коҳиш медиҳад. Тибқи гузоришҳо, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим кунун то 84 дарсади навъҳои эндемикӣ (маҳаллӣ, ҷойдорӣ)-и кӯҳӣ зери хатари нобудшавӣ қарор дошта, афзоиши намудҳои дигари наботот ва ҳайвоноти кӯҳистон низ коҳиш ёфта, дучори нобудшавӣ аст.
Мояи ифтихор аст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкили рӯзро амиқ дарк мекунанд ва барои рафъи оқибатҳои номатлуби тағйирёбии иқлим бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои марбутаи ҷаҳонӣ ҳамкории зич ба роҳ монда, дар дохили мамлакат барои рафъи оқибатҳои гармшавии иқлим тадбирҳои муҳим меандешанд.
Пайомадҳои тағйирёбии иқлиму обшавии пиряхҳо
Хушбахтона, дар пайи эъломи қатъномаи СММ дар бораи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчунин дигар ибтикороте сурат гирифтанд, ки барои ҳифз, рушд ва пойдории манотиқи кӯҳистон муҳим ва арзишманданд. Созишномаи ба наздикӣ тасвибёфта дар Конфронси гуногунии биологии Созмони Милали Муттаҳид (охири соли 2022 дар Канада) ваъдаи то соли 2030 таҳти ҳифз қарор додани 30 дарсади заминҳо, уқёнусҳо, минтақаҳои наздисоҳилӣ ва обҳои дохилиро медиҳад, ки ин низ ангезае барои эҳё ва ҳифзи сарзаминҳои кӯҳистонист.
Ҳадафҳои аслии эълони солу рӯзи пиряхҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон- ин ҷалби кумакҳои бебозгашт ва сармоягузориҳо барои кӯҳистон, рушди иқтисод ва технологияҳои «сабз», эҷоди механизмҳои таҳкими ҳамкории давлатҳои кӯҳистонӣ ва рушди илму маориф дар соҳаи рушди устувори кӯҳистон мебошанд.
Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷумҳурии мо имкони дигарест баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳаёти кӯҳистон ва дарк кардани аҳамияти экосистемаҳои кӯҳӣ. Ин маърака даъватест ба ҳалли мушкилоти табиати мамлакат, ҷорӣ кардани таҷрибаҳои беҳтарин ва ҳамчунин ҷалб намудани сармоягузориҳо, ки барои ҷомеаҳои кӯҳистонӣ пойдорӣ ва устуворӣ эҷод карда, осебпазириро коҳиш дода, кӯҳҳоро барои мутобиқ шудан ба таҳдидҳои ҳамарӯза ва рӯйдодҳои шадиди иқлимӣ тавонотар мекунад.
Тавре ҳамагон хабар доранд, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Дарвоқеъ ин рӯйдоди муҳим барои ҳамаи тоҷикон мояи фахру сарбаландист, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои кӯҳ, об ва рӯзҳои зиёди офтобӣ тавонист панҷумин ибтикори ҷаҳониро доир ба масъалаи обу иқлим дар кураи Замин амалӣ намояд.
Гуфтаҳо ва андешаҳои комилан мантиқии Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон моро ба он хулоса мебаранд, ки пиряхҳо яке аз дороиҳои бузурги гидрогеологии Тоҷикистонанд. Мо- тоҷикистониён бояд бештару амиқтар ин дороии хешро бишносем, аҳамияти онро дарк кунем ва тавонем онро аз хатари гармшавии глобалӣ эмин нигоҳ дошта, аз вуҷудаш дар зиндагии хеш истифодаи самаранок дошта бошем.
Тибқи иттилои олимон, майдони умумии пиряхҳои ошкоршуда то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 9000 км мураббаъ буда, пиряхҳо ҳудуди 6% майдони умумии ҷумҳуриямонро ташкил медиҳанд.
То кунун олимони замину табиатшинос дар Тоҷикистон беш аз 1000 пиряхи бузургҳаҷмро ба қайд гирифтаанд. Дар айни ҳол асосан он пиряхҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки аз 1,5 то 16 км дарозӣ доранд. Ҳоло Тоҷикистон танҳо 21 пиряхи бузургро тавонистааст таҳти назорати доимии олимон ва мақомоти марбута қарор диҳад.
Мантақаҳои яхдор, ки дорои барфи чандинсолаи яхбаста ва сангшуда (фирн) мебошанд, асосан аз сарчашмаҳои дараҳои кӯҳистон об мехӯранд. Ин минтақаҳо аз назари ҷуғрофӣ ва заминшиносӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии сайёҳон, табиатшиносон ва заминшиносон қарор доранд.
Пиряхҳо ё лозурҳои Тоҷикистон
Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги обтаъминкунӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Миёна мебошанд. Тӯли танҳо пиряхи Федченко, воқеъ дар ноҳияи Ванҷ беш аз 70 км-ро ташкил медиҳад ва ин пирях дар ҷаҳон аз бузургтаринҳо маҳсуб мешавад. Яхистони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо пиряхро дар бар мегирад. Вале бузургтарини онҳо лозурҳои Кашолаях, Хирсон ва Язгулом мебошанд. Воқеан пиряхро дар байни тоҷикони кӯҳистони Помир лозур (лозар) ном мебаранд, ки калимаи сирф тоҷикист. Бисёр шоирон ин калимаро дар ашъорашон фаровон истифода бурдаанд. Лозар ба калимаҳои тоҷикии лоҷвар (лоҷувард) ва лазурити лотинӣ ва «лазурный»-и русӣ қаробати зиёде дорад.
Дар охир мехоҳам дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва муҳаққиқи таъриху фарҳанги зисти мардум баъзе пешниҳодҳои худро баён намоям.
-Шароити гидрогеологӣ, экосистемаи яхистонҳои ноҳияи Ванҷ, таърих ва фарҳанги мардуми маҳаллӣ, табиат ва экологияи маҳал заминаи хубеанд барои ташкили «Геопарки лозурҳои Ванҷ» тавассути созмони ЮНЕСКО.
-Таъсиси пойгоҳи доимӣ барои олимон, табиатшиносон, сайёҳон, донишҷӯён (ба мисли пойгоҳҳои истироҳатӣ) дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ.
-Ташкили хатсайрҳо барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ барои дидани пиряхҳо дар Тоҷикистон бо роҳнамоии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавассути ширкатҳои сайёҳӣ.
-Таъсиси шуъба ё маркази омӯзиши пиряхҳо дар Институти биологии Помир ба номи академик Юсуфбеков.
-Анҷом додани пажӯҳишҳо доир ба омӯзиши гуногунии биологӣ, фарҳанги зист, ҳаёти рӯзмарра, анъанаҳо ва расму русуми ҷомеаҳое, ки дар наздикии пиряхҳо зиндагӣ карда, таъсири иқлим ба онҳо хеле зиёд аст.
-Нашри китоби илмӣ -оммавӣ дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
-Гузарондани фестивалҳои табиати ваҳшӣ дар маконҳои ба пиряхҳо наздик.
-Сохтани роликҳо ва филмҳо дар бораи пиряхҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди туризми экстремалӣ дар базаи пиряхҳо.
-Ташкили омӯзиши намояндагони ҷомеаҳое, ки дар наздикии пиряхҳо будубош доранд, кумак ба онҳо дар ташкили инфрасохтор барои қабули сайёҳ.
-Ташкили дарсҳои факултативӣ дар мактабҳои миёна ва факултаҳои марбутаи донишгоҳҳои олӣ дар хусуси пиряхҳои Тоҷикистон.
Дар такя ба суханҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба лозурҳо (пиряхҳо) тамоми шаҳрвандон бояд ба пирях на чун ба хатар нигоҳ кунанд, балки истифодаи оқилона аз онҳоро барои рушди иқтисоди дохилии ҷумҳурӣ ёд бигиранд.
Қурбон АЛАМШОЕВ,
номзади илмҳои таърих,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз