БА ИСТИҚБОЛИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 6 мактаб ва 10 муассисаи томактабии замонавӣ сохта мешаванд

Февраль 15, 2023 20:05

ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёди 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 ҷой ва 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7140 ҷой ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат дар ҳудуди ноҳия 23 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳия бунёди марказҳои замонавии савдою хизматрасонӣ, гулгашт ва дигар иншооти замонавӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2023 20:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд