Ба сокинони Норак моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд

Февраль 8, 2023 11:00

НОРАК, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо кормандони ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ» вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.

Дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон аъзои гурӯҳи корӣ ҳамзамон сокинонро барои дар рӯҳияи худогоҳӣ, шуҷоатмандӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, омода намудани онҳо барои адо намудани хизмати ҳарбӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даъват намуданд.

Зимни вохӯрӣ дар самти рушди соҳаи энергетика гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи истифодаи самараноки қувваи барқ, баланд бардоштани маданияти истифодаи неруи барқ ва кам кардани талафоти он ҷалб намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 8, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад