Ба сокинони Норак моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
НОРАК, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо кормандони ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Муассисаи давлатии «Обҳои нӯшокӣ ва корезӣ» вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон аъзои гурӯҳи корӣ ҳамзамон сокинонро барои дар рӯҳияи худогоҳӣ, шуҷоатмандӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, омода намудани онҳо барои адо намудани хизмати ҳарбӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даъват намуданд.
Зимни вохӯрӣ дар самти рушди соҳаи энергетика гурӯҳи корӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи истифодаи самараноки қувваи барқ, баланд бардоштани маданияти истифодаи неруи барқ ва кам кардани талафоти он ҷалб намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






