Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои шаҳрӣ қадрдонӣ карда мешаванд

Февраль 9, 2023 16:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022»- 10 ҳазор сомонӣ, «Омӯзгори сол-2022»-10 ҳазор сомонӣ ва «Хонандаи сол-2022»- 6 ҳазор сомонӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе имрӯз ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Қарори мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, омӯзгорон ва мураббиён буда, ғолибони ин озмунҳо дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Омӯзгори сол-2022» аз 15 то 17 декабри соли 2022 баргузор гардид, ки дар даври шаҳрии он омӯзгори фанни забони англисии Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарангез Оддиева сазовори ҷойи якум гардид.

Мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Малика Саидова дар даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022», ки моҳи декабри соли 2022 баргузор гардид, сазовори ҷойи якум гардид.

Дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев сазовори ҷойи якум гардид.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Февраль 9, 2023 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад