Дар Бадахшон соҳаҳои қутоспарварӣ, моҳидорӣ ва боғпарварӣ рушд меёбад

Февраль 28, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорводорӣ, бахусус қутоспарварӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешавад, рушд намуда, давоми сол саршумори он ба 24 ҳазору 124 сар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,8 фоиз, ё 653 сар зиёд мебошад. Аз ҳисоби хоҷагиҳои ноҳияи Мурғоб барои ноҳияҳои Дарвозу Роштқалъа дар маҷмуъ 80 сар қутос дастрас карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки барои парвариши ин намуди чорво ба ҷуз ноҳияи Мурғоб дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳияҳои Роштқалъаву Дарвоз низ имконияти мусоид мавҷуд аст. Бахусус иқлим ва чарогоҳҳои баландкӯҳи Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз барои парвариши қутос хеле мувофиқанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят соли гузашта 37,5 га боғи нав бунёд карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 62 фоиз зиёдтар мебошад.

Барои тавсеаи соҳаи моҳидорӣ гуфта шуд, ки аз вилояти Суғд 45 ҳазор дона моҳича барои хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят дастрас гардида, соли 2023 дар ҳар ноҳия бунёди на кам аз як хоҷагии моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ қарор дошта, дар баробари кӯлҳои зиёди табиӣ дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ҳар деҳа дорои рӯдхонаҳои кӯҳӣ мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон доранд дар атрофи ин рӯдхонаҳо ҳавзҳои хурди моҳипарварӣ бунёд кунанд.

Соли гузашта бо ҳамин усул дар ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд гардида, ба онҳо зиёда аз 6 ҳазор моҳича сар дода шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 28, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид