Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар ҷаласаи Кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои кумитаи тадорукот аз сохторҳои шаҳрӣ, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, иштирок намуданд. Зимни ҷаласа доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе вазифагузорӣ карда шуд.
Роҳбари ҷаласа- муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода барои сазовор баргузор намудани ин ду ҷашн ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли равон ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Бахшида ба он ташкили конфронсҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, маросими қадрдонии хизматчиёнӣ ҳарбӣ барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи артиш бо медалу ифтихорномаҳо, тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳоди барномаҳои консертӣ, намоиши аксу мусаввараҳои таърихӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин баргузории мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, расонидани кумаки моддӣ ба ятимон дар сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, аёдати собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирӣ намудани узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, арҷгузорӣ нисбат ба афсарону сарбозони ҳалокгашта ва даҳҳо чорабиниҳои дигар то рӯзи ҷашн ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамзамон вобаста ба таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе якчанд ҳамоишу конфронс ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






