Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» баррасӣ гардид

Февраль 15, 2023 18:08

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаҳои Қонун «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва «Дар бораи хариди давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади мутобиқ гардонидан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таҳия шудааст.

Иброз дошта шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба хотири ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳо таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июли соли 2007-ро танзим менамояд.

Зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома -лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» зикр гардид, ки санади мазкур аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ, ки аз уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо» ва ҳамроҳ будан ба Протокол миёни давлатҳо-иштирокчиёни Шартнома оид ба минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 дар бораи қоидаҳо ва расмиёти танзими хариди давлатӣ бармеоянд, пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода,  муовини Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода, вакилони мардумӣ Муҳаммадраҳим  Юсуфӣ ва  Рустам Раҳматзода муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд