Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасози мамлакат — ҷавонон рӯз аз рӯз афзун мегардад. Намунаи олитарини ин таваҷҷуҳ таъсиси якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла таъсиси Стипендияи президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки соли 2022 теъдоди стипендия аз 400 нафар ба 3000 нафар дар ҷумҳурӣ расонида шуда, маблағи он низ боло бурда шуд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби гирандагони Стипендияи президентӣ ба Пешвои миллат барои қадрдонии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ карда шуд. Масъулин ба таври тантанавӣ ба гирандагони Стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендияро супориданд.
Чунин ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд низ доир гардид, ки дар он гирандагони Стипендияи президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Истаравшан ва шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Зимнан таъкид карда шуд, ки таъсиси Стипендияи президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади ҳавасманд намудани онҳо ба илму донишомӯзӣ, бахусус омӯзиши илмҳои дақиқ равона гардидааст.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба гирандагони Стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағи он супорида шуд. Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар омӯзишу фаъолияти ҷамъиятӣ намунаи ибрат бошанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






