Дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 2 тонна гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардид
ВАҲДАТ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат аз нуқтаи гӯштфурӯшии шаҳрванд Исломиддин Нарзиқуллов 2 тоннаю 236 килограм гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардида, аз муомилот гирифта шуд. Мавод барои чораандешӣ нисбат ба шаҳрванд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид. Дар ин хусус дар Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, мутахассисони маркази мазкур 2 тоннаю 236 килограмм гӯшти пастсифатро, ки аз 974 кг гӯшти мурғ, 126,240 кг сангдони мурғ ва 1 тоннаю 135 кг ҷигари мурғ иборат буд, ҳангоми дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳ доштанашон ошкор намуда, дар натиҷаи гузаронидани ташхис ҳамчун маҳсулоти хатарнок барои ҷомеа муайян гардид, ки маблағи умумии он 55 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин соли равон аз тарафи мутахассисони Маркази ташхиси санитарию эпидемиологии шаҳр фаъолияти 8 нуқтаи гӯштфурӯшии Бозори марказии шаҳри Ваҳдат бо сабаби ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набудани онҳо мувақатан боздошт гардида, соҳибони онҳо ба маблағи 1700 сомонӣ ҷарима партохт намуданд.
Соли равон аз тарафи мутахассисони ин Марказ дар самти гигиенаи наврасон, коммуналӣ ва хӯрока нисбат ба 45 нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро бо маблағи умумии 25 ҳазору 432 сомонӣ ҷарима намуданд. Аз ин теъдод 23 адад санадҳои маъмурӣ бо иштироки намояндагони Прокуратураи шаҳр тартиб дода шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






