Дар Тоҷикистон 98,9% аҳолӣ бар зидди CОVID-19 эм карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то 15 феврали соли 2023 зиёда аз 5 миллион нафар (98,9%) бар зидди COVID-19 эм карда шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод.
Аз 18 феврали соли гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди мубталошавӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
«Бо мақсади пешгирии хурӯҷи нав дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ барои эмгузаронии шаҳрвандон андешида мешаванд. Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 100% шаҳрвандон ваксина карда шуда, дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ эмгузаронӣ идома дорад. Аллакай 5 миллиону 287 ҳазору 165 нафар ду вояи ваксина, 5 миллиону 247 ҳазору 165 нафар — вояи сеюм ва 4 миллиону 223 ҳазору 325 нафар — вояи чоруми ваксинаро гирифтаанд. Аксари шаҳрвандон бо ваксинаи «CoronaVac» эм карда шудаанд», — иттилоъ дод Наврӯз Ҷаъфаров.
Мутобиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3 июли соли 2022 нашр шудааст, эмкунии шаҳрвандон аз синни 18 бар зидди коронавирус ҳатмӣ мебошад. Одамоне, ки бар зидди коронавирус ваксина нагирифтаанд, бояд ба духтури оилавии худ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат кунанд. Ваксина барои шаҳрвандони мамлакат ройгон мебошад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд






