Дар Туркия баъд аз 296 соати заминларза аз зери харобаҳо зиндамондагон ёфт шуданд

Февраль 20, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар ҷануби Туркия се нафар пас аз 296 соати заминларзаи марговар, ки дар ин минтақа ба амал омада буд, аз зери харобаҳо зинда берун бароварда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа»иттилоъ медиҳад.

Тибқи гузориши ВАО-и маҳаллӣ, гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар минтақаи Антакияи вилояти Хатой баъд аз 12 рӯзи заминларза се нафари зиндамондаро аз як бинои фурӯрафта наҷот доданд.

Се нафари зиндамонда (кӯдак, зан ва мард) ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Шахсияти онҳо ҳанӯз муайян карда нашудааст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд