Футболбози тоҷик расман бозигари дастаи «Думиенсе»-и Португалия шуд

Февраль 2, 2023 09:56

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари 19-солаи дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва миллии Тоҷикистон оид ба футбол Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи «Думиенсе», ки дар дивизиони чаҳоруми Португалия баромад мекунад, шартнома баст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чемпионати Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов дар дастаҳои «Истиқлол» ва «Истаравшан» бозӣ кардааст. Дастаи охирини ӯ «Броук Бойз» буд, ки шомили Медиалигаи Русия мебошад.

Дастаи нави Салам Ашӯрмамадов дар гурӯҳи «А»-и дивизиони чаҳоруми Португалия дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 2, 2023 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд