Имрӯз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 08:30 дар ин Агентӣ доир карда мешавад.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (кӯчаи Шодмонӣ, 58/1) баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» соати 10:00 дар Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 дар корхонаи мазкур доир мегардад.
КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотиро соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, ошёнаи 2) барпо менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






