Мутахассисони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар беш аз 50 давлати дунё фаъолият мебаранд
ДУШАНБЕ, 02.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони омода намудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар беш аз 50 давлати дунё фаъолияти худро пеш бурда, дар баробари ин обрӯи Тоҷикистонро низ баланд мебардоранд. Дар ин хусус 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои мавсуф, ҳамасола дар донишгоҳ 300-400 нафар мутахассисони соҳаи тиб барои кишварҳои хориҷӣ тайёр карда мешаванд.
«Дар баробари ин Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар тӯли 83 соли фаъолият бештар аз 50 ҳазор табиб омода намудааст, ки имрӯз онҳо на танҳо дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон, балки дар бисёр давлатҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд»,-изҳор дошт М.Гулзода.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷаҳонишавии таҳсилот, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилро ба назар гирифта, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025» таҳия гардид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»






