Нағзаки маймун дар соҳаи нигаҳдории тандурустии ҷомеа ҳамоно яке аз ҳодисаҳои фавқулодаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад

Февраль 18, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хуруҷи густурдаи нағзаки маймун дар соҳаи нигаҳдории тандурустии ҷомеа ҳамоно яке аз ҳодисаҳои фавқулодаи умумиҷаҳонӣ боқӣ мемонад, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронкунанда мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин бора Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) изҳор доштааст.

Моҳи июли соли гузашта Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  расман эълон кард, ки хуруҷи бемории нағзаки маймун берун аз ҳудуди минтақаҳои анъанавии эндемикии Африқо ба ҳолати фавқулода дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ табдил ёфтааст. Он боиси нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст ва ин сатҳи олии огоҳкунии ин ташкилот мебошад.

Тавре Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  изҳор доштааст, коршиносони он пешравиро дар чораҷӯӣ бар алайҳи хуруҷи нағзаки маймун ва моҳҳои наздик камшавии ин бемориро тасдиқ намуданд.

Бо вуҷуди ин, дар якчанд давлатҳо афзоиши устувори ҳодисаҳои гирифторӣ ба нағзаки маймун идома дорад ва баъзе минтақаҳо шояд инро нодида гирифта бошанд. Ҳамин тариқ, Кумитаи коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  ва Директори генералии ин ташкилот Тедрос Адханом Гебрейесус изҳор доштанд, ки хуруҷи вирус дар соҳаи нигаҳдории тандурустии ҷомеа ҳамоно яке аз ҳодисаҳои фавқулодаи умумиҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

Омори охирини Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  нишон дод, ки хатари кунунии ҷаҳонии хуруҷи нағзаки маймун мӯътадил аст, дар ҳоле ки дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ он аз вазъияти мӯътадил то ба паст коҳиш ёфтааст. Он инчунин дар қисмати ғарбии минтақаи Уқёнуси Ором низ паст боқӣ мемонад.

Мансур Суруш,
Ҷаҳонгир Гулмуродӣ
 АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 18, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид