Намояндагони Тоҷикистон дар Теҳрон дар нахустин нишасти роҳбарони ниҳодҳои интиқоли хун дар кишварҳои минтақа иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14-16 феврал дар шаҳри Теҳрон бо ибтикори Маркази минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нахустин нишасти роҳбарони ниҳодҳои захира ва интиқоли хун дар кишварҳои минтақа баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон- директорони филиалҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин мудири шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.
Иштирокдорони нишаст роҳҳои табодули таҷриба дар соҳаи захираву гузаронидани хун ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самти муҳимми таъмини тандурустиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нишасти мазкур бо қабули санади ниҳоӣ ба анҷом расид, ки дар он зарурати андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи хун ва хунгузаронӣ бо мусоидати фаннӣ ва омӯзишии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид шудааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






