Олим дар бораи «ҷавоншавӣ»-и Замин то соли 2028 изҳори андеша намуд

Февраль 19, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 19.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суръати гардиши Замин солҳои охир ба таври ғайримуқаррарӣ меафзояд, барои он ки ин таъсирро ҷуброн кунем, бояд то соли 2028 як сония тарҳ карда шавад,- изҳор кард сармутахассиси илмии шуъбаи таҳқиқоти пешравӣ ва андозагирии вақт ва басомади Пажӯҳишгоҳи умумирусиягӣ Виталий Палчиков ба РИА «Новости».

«Фарзияе, ки бо тағйирёбии лаҳзаи инерсияи ядро алоқаманд аст, яке аз фарзияҳои имконпазирест, ки таъсири суръати гардиши Заминро шарҳ медиҳанд. Тарҳшавии сония мувофиқи пешгӯии олим, тақрибан дар соли 2028 ба амал меояд», — мегӯяд Палчиков.

Ӯ аниқ кард, ки ҳоло шарҳи ҳамаҷонибаи суръатбахшии гардиши Замин вуҷуд надорад. Ҳамзамон вай изҳори итминон кард, ки он ягон вақт пайдо мешавад. Фарзияи дигар ин аст, ки миқдори ғайримуқаррарии бориш ба суръатбахшии гардиши Замин ва бухоршавии он, баръакс, — ба сустшавӣ оварда мерасонад. Аммо, ин натиҷаҳо якдигарро ҷуброн намекунанд, иброз дошт олим.

Яке аз оқибатҳои суръатбахшии гардиши Замин ин аст, ки 29 июни соли 2022 рӯзи кӯтоҳтарин дар таърих ҳисобида шуд, гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Палчиков, суръатбахшии Замин ғайримуқаррарист, зеро то ба наздикӣ сайёраи мо суст ҳаракат мекард. Бо мақсади ҷуброн кардани суръати гардиши он дар доираи ислоҳот аз солҳои 1970-ум 37 сонияи иловагӣ ворид карда шуд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 19, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд