Олим тахмин намуд, ки яхҳои Арктика дар тобистон кай пурра об мешаванд

Февраль 18, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 18.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яхҳои Арктика метавонанд дар миёнаҳои асри кунунӣ дар давраҳои тобистону тирамоҳ пурра ба обшавӣ шурӯъ кунанд, инро ҳангоми пешгӯии киштигардӣ дар масири баҳрии Шимолӣ бояд ба назар гирифт,- гуфт ба РИА «Новости» барандаи ҷоизаи президентӣ дар соҳаи илм барои олимони ҷавон дар соли 2022, уқёнусшинос Александр Осадчиев.

«Бисёр муҳаққиқон пешгӯӣ мекунанд, ки давоми чанд моҳ дар давраи тобистону тирамоҳ тамоми Арктика аз яхбандӣ озод мешавад. Дар зимистон ҳама чиз дубора ях мекунад ва каму беш барқарор мешавад», — гуфт ӯ.

“Дар натиҷаи гармшавӣ дар Арктика 44% кам шудани майдони ях нисбат ба солҳои 1980-ум танҳо ба ҳадди ақали тобистона дахл дорад, нишондиҳандаҳо барои зимистон кам тағйир ёфтаанд”,- таъкид кард Осадчиев.

«Дар фасли зимистон тамоми яхбандӣ қариб чун асли худ барқарор карда мешавад. Ин бузургии нисбатан устувор аст. Аммо он чиз, ки маҳз тобистон тамоми яхҳои Арктика об шуда метавонанд, ҳодисаи комилан ғайривоқеӣ нест. Баръакс, бисьёр намунаҳо инро нишон медиҳанд, — гуфт олим.

Осадчиев ёдовар шуд, ки обшавии пурраи яхҳоро дар Арктика дар давраи тобистону тирамоҳ то солҳои 2020-2030 пешбинӣ кардаанд.

«Аён аст, ки ҳоло ин тавр нашудааст ва баъд аз се сол, пас аз панҷ сол ҳам ин тавр нахоҳад шуд. Аммо пас аз 20 сол шояд чунин шавад», — иброз дошт олим.

АКС: РИА «Новости»

Февраль 18, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд