ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО — АСОСИ КОМЁБӢ. Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон мутахассисони баландихтисоси тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои олии низомии ҷаҳон таълим гирифтанд

Февраль 23, 2023 16:01

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре таъкид гардид, Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба уҳдаи худ гирифтани рисолати роҳбарии давлат ба масъалаҳои омода кардани кадрҳои баландихтисоси низомӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа ҷавонони тоҷик барои аз худ намудани ихтисосҳои гуногуни низомӣ дар муассисаҳои олии таълимии Русия, Чин, Қазоқистон, Украина, Ҳиндустон, Фаронса, Америка ва дигар давлатҳо таҳсилро идома медиҳанд.

Барои омода кардани кадрҳои зарурии низомӣ дар дохили мамлакат низ  пайваста заминаи мусоид муҳайё карда мешавад.

Дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ягон муассисаи таҳсилоти олии ҳарбӣ вуҷуд надошт. Бинобар ин, ҳанӯз соли 1992 дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ – муҳандисии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он нахустин муассисаи таҳсилоти олии ҳарбӣ дар мамлакат гардид.

Аз рӯзҳои аввал барои роҳбарияти Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон зарурат ба миён омад, ки якбора масъалаҳои ташкили Коллеҷи олии ҳарбӣ, бо ҳайати шахсии афсарону омӯзгорон ва профессорон пурра гардонидани он, бунёди пойгоҳи моддӣ – техникии таълимӣ ва қабули курсантонро ба роҳ монанд, ки кори басе душвор буд.

Соли 1993 дар назди Коллеҷи олии ҳарбӣ курсҳои кӯтоҳмуддат барои тайёр кардани афсарон ва прапоршикон – мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил карда шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд.

Маврид ёдоварист, ки афсарону донишҷӯёни Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ҳамчунин дар барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат иштирок намуда, зиёда аз 20 нафари онҳо бо ордену медалҳо ва мукофотҳои дигари давлатӣ сарфароз гардиданд.

То соли 2021 зиёда аз 3000 нафар Донишкадаи ҳарбиро хатм намуда, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз ҷумла дар қисму воҳидҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазорати адлия, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Қувваҳои мудофиаи гражданӣ вазифаҳои баланди роҳбариро бар уҳда доранд,  8 нафари онҳо бо рутбаҳои генералӣ сарфароз гардидаанд.

Аз рӯзи таъсиси Донишкадаи ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба (солҳои 1994, 2005, 2014, 2018 ва 2021) ба ин муассисаи таълимии ҳарбӣ ташриф овардаанд, ки гувоҳи таваҷҷуҳи хос ва ғамхории доимӣ нисбат ба омодасозии кадрҳои низомист.

Ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ҳамчунин вазирони мудофиаи Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, бисёр шахсиятҳои маъруфу машҳури тоҷик ва дигар меҳмонони олиқадр ташриф овардаанд.

То ба имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ 4 бинои таълимии иборат аз 100 синфхона, 3 хобгоҳ,  ду толори варзишӣ, нуқтаи тиббӣ, толори маҷлис (клуб) — бо 315 ҷойи нишаст, китобхона бо теъдоди 40 ҳазор адабиёти таълимию бадеӣ, китобхонаи электронӣ, осорхонаи «Шарафи ҷангӣ», шаҳракҳои тактикӣ, оташфишонӣ, маркази таълимии «Тоҷмаҳал» ва дигар биноҳои ёрирасон дар хизмати донишҷӯён қарор доранд.

Ташкили раванди таълим мувофиқи нақша ва барномаҳои таълимии Донишкадаи ҳарбӣ дар 3 факултет, 10 кафедра, 5 сикл ва аз рӯйи 18 ихтисос дар 4 бахш аз рӯйи 42-52 фанни таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар Донишкадаи ҳарбӣ Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ низ амал менамояд, ки дар он курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии афсарони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа аз рӯйи 10 ихтисос ба роҳ монда шудааст.

Бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойгоҳи Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофаи зиддиҳавоӣ 2 чархболи ҳарбии МИ-8т ва МИ-24д ба Донишкадаи ҳарбӣ дода шуданд, ки барои машғулияти амалии донишҷӯёни факултети ҳавопаймоии ҳарбӣ хизмат мекунанд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 филиали Донишкадаи ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъсис дода шуд.

Донишкадаи ҳарбӣ ҳамчунин ҳамкории босамари байналмилалӣ дорад. Соли 2009 дар заминаи Донишкадаи ҳарбӣ мутобиқи шартномаи байнидавлатӣ барои афсарони Британия Кабир курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ташкил карда шуда, машғулият гузаронида мешавад ва ба ҳолати то охири соли 2021 зиёда аз 100 нафар афсарони Вазорати мудофиаи Британия Кабир ва Дания курсҳои мазкурро хатм намуданд. Ғайр аз ин солҳои 2003 ва 2008 дар заминаи Донишкадаи ҳарбӣ курсҳои кӯтоҳмуддати афсарони хурд ва калон ба муҳлати аз 3 то 6 моҳ барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил ва гузаронида шуданд, ки зиёда аз 60 нафар афсарон ин курсҳоро хатм намудаанд.

Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа тавассути ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои дигари ватанию хориҷӣ ҳамчунин фаъолияти васеи илмию техникӣ ба роҳ монда шуда, 4 нафар аз ин Донишкада аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия сазовори дараҷаҳои илмии номзади илм дар бахшҳои илмҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, филологӣ ва иқтисодӣ гардиданд. Дар ҳамин равия 8 нафар афсарон-омӯзгорон ва 1 омӯзгори мулкии Донишкадаи ҳарбӣ дар зинаҳои адюнктура ва унвонҷӯӣ дар дохил ва хориҷ таҳсил намуда, аз рӯйи самт ва мавзӯъҳои муайяншуда корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд.

Донишкадаи ҳарбӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва самаранокии корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муассисаҳои бонуфузи илмию таълимӣ  дар дохил ва хориҷи мамлакат ҳамкории босамар дошта, дар роҳи омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомии Тоҷикистон мақоми шоистаи худро нигоҳ медорад.

20 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, бинои иловагии таълимии онро ифтитоҳ намуданд ва бо шароити дар он муҳайёгардида бевосита шинос шуданд.

Бино барои таълиму тарбия ва будубоши шабонарӯзии қариб 300 нафар донишҷӯ пешбинӣ шуда, дорои 75 синфхона, утоқҳои корӣ ва дигар ҳуҷраҳо буда, бо ашёи муосири аёнӣ, аз ҷумла компютерҳои дорои барномаҳои махсуси таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар ин бино асосан дарсҳои факултаи умумиқӯшунӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар бинои нав шароити хуб на танҳо барои таълиму тарбия, балки будубоши шабонарӯзӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои барҳаво, утоқҳои фароғатӣ, ҳуҷраҳои омодасозии сарулибос ва ғайра мавҷуд аст[1].

21 феврали соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.

Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ аз чор ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 ҳуҷраи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ҷойи хоб барои донишҷӯён, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду утоқи навбатдорӣ, мавзеи нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сарулибос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд[2].

Бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби прапоршикҳо амал менамояд, ки ба он сарбозон баъди якуним соли хизмат ва ё шаҳрвандоне, ки баъди хизмати аскарӣ дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор доранд, ҷалб карда мешаванд. Донишҷӯён дар ин мактаб аз рӯйи 8 ихтисоси ҳарбӣ омода гардида,  баъди хатми курсҳои 4-моҳа дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо кори доимӣ  таъмин мешаванд. Тайи 6 соли охир бо ташкили мактаби прапоршикӣ беш аз ҳазор нафар шаҳрвандон дар сафҳои Артиши миллӣ бо кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар партави таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон дар Вазорати мудофиа корҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Ҳамасола барои қабули ятимону бепарасторон ва шаҳрвандони камбизоат дар муассисаҳои таълимии ҳарбии Вазорати мудофиа аз маҷмӯи умумии довталабон 20% квота пешбинӣ гардидааст. Онҳо барои таҳсил ба Донишкадаи ҳарбӣ, Литсейи ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии хориҷи мамлакат тариқи суҳбат қабул мегарданд. Ва дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимони кулл ва бепарасторон давоми таҳсил мавриди таваҷҷуҳу ғамхории ҳамаҷониба қарор мегиранд. Дар ин радиф ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, мушовирон, сардорони раёсатҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомӣ барои сарпарастӣ вобаста карда шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пайваста бохабар мешаванд. Дар арафаи тамоми иду ҷашнҳои касбиву ҷумҳуриявӣ ба чунин қишри ниёзманд аз тарафи Вазорати мудофиа кумакҳои моддиву маънавӣ расонида мешаванд. Илова бар ин, бо супориши  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳангоми иҷрои вазифа фавтида ва маъюбон низ доимо мавриди кумаку дастгирӣ қарор доранд.

Дар даврони 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоии ҳазорҳо нафар ятимони кулл, бепарасторон ва қишри ниёзманд дар Вазорати мудофиа ва дигар зерсохторҳои тобеъ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, ба онҳо кумакҳои моддиву нақдӣ расонида шуданд. Дар баъзе маврид тӯйи хонадоршавии онҳо барпо карда шуда, чунин шахсон бо манзили истиқоматӣ низ таъмин мегарданд.

Ҳоло дар Донишкадаи ҳарбӣ, Литсейи ҳарбӣ ва қисму воҳидҳои низомии тобеи Вазорати мудофиа беш аз 120 нафар ятимони кулл ва бепарасторон ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо ба ҳайси донишҷӯ таҳсил менамоянд ва ё ҳамчун сарбоз тибқи даъват хизмат мекунанд ва пас аз хатми хизмат бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳамчунин Донишкадаи олии сарҳадӣ фаъолият дорад, ки дар он барои омода кардани кадрҳои низомии марзбон заминаи хуби моддию таълимӣ муҳайё гаштааст.

Донишкадаи мазкур 11 июни соли 2001 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи курсҳои кӯтоҳмуддати Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳисор ташкил шуда буд. Ҳоло садҳо нафар кадрҳои хатмкардаи муассисаи мазкур дар нуқтаҳои гуногуни сарҳади давлатии Тоҷикистон адои вазифа мекунанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2007 ин муассисаи таълимӣ Донишкадаи олии сарҳадӣ номгузорӣ шуд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва хатмкунандагони Донишкада аз соли 2008 омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Федератсияи Русия низ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ҳоло дар Донишкадаи олии сарҳадӣ аз рӯйи 4 ихтисоси марзбонӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.

То имрӯз Донишкадаи олии сарҳадиро зиёда аз 1100 нафар ҷавонписарон, аз ҷумла 26 нафар бо дипломи сурх хатм намуда, дар ҳифзи сарҳади давлатӣ фаъолият менамоянд. Дар баробари ҷавонписарон 10 нафар духтарони тоҷик низ то имрӯз Донишкадаи олии сарҳадиро хатм намуда, дар марзҳои мамлакат адои хизмат доранд.

Дар Донишкадаи олии сарҳадӣ ҳамчунин курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос амал мекунанд, ки ба дарсҳои онҳо  афсарону мутахассисони амалкунандаи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ фаро гирифта мешаванд.

Барои таҳкиму тақвияти пайвастаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар воҳидҳои низомӣ ва махсуси тобеи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омода кардани мутахассисони баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат ба таври шоиста ба роҳ монда шудааст.

Бо саъю кӯшиши Сарвари давлат ба тарбияи кадрҳои ҷавон диққати махсус дода мешавад ва ин аст, ки дар муддати кӯтоҳ 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд.

Нақши муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла Академияи ВКД низ дар омода намудани кадрҳои низомӣ басе назаррас аст.

Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омода намудани мутахассисон дар шакли таҳсили рӯзона шурӯъ намуд. Дар баробари ин, омода намудани мутахассисон дар шуъбаи ғоибона ва такмили ихтисоси Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешуд.

Бо мақсади таъмини эҳтиёҷ бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти муассисаи таълимӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1994 факултети хуҷандии Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мутобиқи талаботи давру замон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас дошта, имрӯзҳо кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи Ватан содиқона хизмат мекунанд. Дар давраи фаъолияти худ ин муассисаи таълимӣ ҳазорон нафар кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далер тайёр намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси ҳаёти мамлакат ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ буданашонро исбот кардаанд.

Аз зумраи хатмкардагони Академия имрӯзҳо дар сатҳи олии роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Давоми солҳои 1991-2021 Академияи Вазорати корҳои дохилиро беш аз 12 ҳазор нафар хатм намуда, аз онҳо 300 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардидаанд.

Ба ҳолати соли таҳсили 2021-2022 дар Академия 4100 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 200 нафар духтарон мебошанд.

Ҳоло дар асоси  супориши Роҳбари давлат дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 220 нафар аз ҷумлаи ятимони кулл, бепарасторон, фарзандони кормандони ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалокгардидаи мақомоти қудратӣ ва хатмкардагони мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ ба таври имтиёзнок қабул ва ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Иқдоми мазкур нишонаи ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба оилаҳои камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.

Ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади мулоқот ва суҳбат бо ҳайати шахсӣ дар арафаи иду ҷашнҳои касбӣ онҳоро рӯҳбаланд гардонида, ба қаҳрамонию фидокориҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба ба ин даргоҳи таълимӣ ташриф оварданд, ки дар саҳифаҳои таърихи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хотирмон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ба истифода додани маҷмааи нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ далели равшани қадршиносӣ аз хизмати содиқонаи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Пешвои миллат мебошад.

Дар айни замон Академия фаъолияти худро дар шаш факултет ва се курси такмили ихтисос амалӣ намуда, ҳамзамон бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро мутобиқи нақшаҳои алоҳида, тибқи эҳтиёҷ ва дархости мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба роҳ мондааст. Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 кафедра фаъолият намуда, дар онҳо 186 нафар профессору омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул мебошанд.

Баробари ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ мушкилиҳои зиёде аз байн бардошта шуданд. Дар айни замон дар Академияи ВКД 3 майдони футбол, 2 толори варзиш, 4 майдони волейболу баскетбол, 1 ҳавзи шиноварӣ, 2 шаҳраки варзишӣ, 3 машқгоҳи тирпарронӣ, 2 синфхонаи тирпарронии лазерӣ, 6 толори маърӯзахонӣ, 2 толори маҷлисӣ, 100 синфхона, 17 синфхонаи махсуси кафедраҳо, 3 китобхонаи умумӣ ва 2 китобхонаи махсус, 1 китобхонаи электронӣ, 2 гӯшаи китоб, 1 майдони техникаи ҳарбӣ, 3 майдони сафороӣ мавҷуд мебошанд, ки ба болоравии сатҳу сифати таълим таъсири мусбат мерасонанд.

Хотиррасон бояд кард, ки 20 июни соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони биноҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи нав оғоз гардида буд[3].

Яке аз дастовардҳои пурарзиши даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки дар омодасозии кадрҳои низомию амниятӣ нақши босазо гузоштааст, таъсиси Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошад. Ташаббускору бунёдгузори ин муассисаи таълимӣ шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, зеро то замони ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон дар ҷумҳурии мо ҳеҷ гуна муассисаи таълимии амниятӣ дар ин соҳа вуҷуд надошт.

Соли 1992 беш аз 60%-и кормандони мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти тахассусӣ надоштанд. Дар навбати худ тағйироти ҷиддӣ дар назария ва амалияи кори оперативӣ зарурати такмил додани дараҷаи тайёрии кадрҳоро ба миён овард.

Дар вазъияти душвор бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 1993 дар бораи дар системаи Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани Маркази таълимӣ қарор қабул карда шуд. Ин қарор барои ташкили низоми омодасозии кадрҳои соҳа дар Тоҷикистони тозаистиқлол қадами аввалин гардид.

Вазифаи асосӣ ва пурмасъуле, ки дар назди Маркази таълимӣ гузошта шуд, ҳарчи зудтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи кадрҳо ба ҳисоб мерафт. Роҳи асосии ҳалли ин масъала дар он давра кушодани курсҳои кӯтоҳмуддат буд. Дар натиҷаи амалӣ гардондани чораҳои ташкилӣ ҳанӯз моҳи феврали соли 1993 курсҳои якмоҳаи таълимӣ ба кор шурӯъ карданд.

Дар охири моҳи августи соли 1993 Маркази таълимӣ аллакай соҳиби бинои замонавӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз, толори маҷлисӣ, китобхонаи махсус, хобгоҳи дорои шароити зарурӣ ва ҳайати техникӣ шуд.

1 сентябри соли 1993 Маркази таълимӣ расман кушода ва кормандони ҷавон ба машғулият фаро гирифта шуданд.

Маркази таълимии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи вазъияти сиёсию фаврии ҷумҳурӣ омодасозӣ ва бозомӯзии  кормандонро дар курсҳои думоҳа, семоҳа ва панҷмоҳа бо теъдоди зарурӣ амалӣ мекард.

Дар солҳои мавҷудияти худ (1993-1997) Маркази таълимӣ дар системаи таҳсилоти махсус мавқеи арзандаро ишғол намуд. Дар он шумораи зиёди кормандони амният соҳиби таҳсилоти муайяни касбӣ шуда, тахассуси худро баланд бардоштанд.

Бо назардошти тағйирот дар вазъияти сиёсӣ ва афзоиши зарурат ба кадрҳои баландихтисос моҳи январи соли 1997 дар заминаи маркази таълимӣ курсҳои олии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, баъдтар ба муассисаи олии таълимии дусола табдил ёфт.

Навсозии сохтории Курсҳои олӣ аз роҳбарият ва ҳайати шахсии он ҷидду ҷаҳди калонро барои амалӣ кардани чорабиниҳои ташкилӣ, таълимӣ ва илмию методӣ талаб мекард. Соли 1999 ҳайати доимии шахсии Курсҳои олии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мақомоти қудратӣ аз аттестатсияи Комиссияи марказии аттестатсионӣ, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта буд, бомуваффақият гузашт.

Ба ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки дар ибтидои асри 21 бо шарофати ғамхорию таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ибтидоии ташаккули худро ҳамчун муассисаи махсуси таълимие, ки қобил аст ба талаботи мақомоти амнияти миллӣ дар кори омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон дар самтҳои гуногун фавран ҷавоб диҳад, ба анҷом расид.

Имрӯз дар баробари омӯзиши фанҳои низоми таълимӣ мувофиқи талаботи стандартҳои Вазорати маориф ва илм ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ фанҳои дипломатияи муосир, демография, этика, эстетика, маҳорати суханварӣ ва чандин фанҳои нав ба низоми таълим ворид карда шудаанд, ки шунавандагон ба онҳо шавқу рағбати зиёд зоҳир менамоянд.

Дар Мактаби олӣ дар баробари забони давлатӣ барои шунавандагон омӯзиши 10 забони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

13 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ асос гузошта шуд, ки аз 15 бинои зебою муҷаҳҳаз иборат хоҳад буд.

Тавре таъкид гардид, ин биноҳо бо беҳтарин шароити муосир барои таҳсил, машқу тамрин ва истиқомату фароғати омӯзгорон ва донишҷӯёни соҳаи амнияти миллӣ пешбинӣ шудаанд[4].

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА

 

[1] Шарифзода А., Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон ва соли Мавлоно Ҷомӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014). – Душанбе: Бухоро, 2015. –  \С. 162-163

[2] Пешвои миллат ду иншооти таъиноти ҳарбӣ ва як бинои истиқоматиро ба истифода доданд // Садои мардум, 22 феврали соли 2018 — №23

[3] Шарифзода А., Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон ва соли Мавлоно Ҷомӣ (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014). – Душанбе: Бухоро, 2015. –  \С. 162-163

[4] Шарифзода А. Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон ва 3000–солагии Ҳисор (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015). – Душанбе: Бухоро, 2017. – С. 58

Февраль 23, 2023 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд