Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъват дар ҳудуди ҷумҳурӣ 98 фоиз иҷро шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳими давлатӣ ба шумор меравад, ки ҳамасола дар ду мавсим ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Ҳоло дар саросари мамлакат даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Дар рӯзи якуми даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Фаъолияти назарраси масъулини самти даъват дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боиси он гардид, ки онҳо низ нақшаи пешбинигардидаро сад фоиз ва пеш аз муҳлати муқарраргардида иҷро намуданд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ин маъракаи муҳим идома ёфта, бо гузашти қариб панҷоҳ рӯз нақшаи даъват дар вилояти Суғд зиёда аз 96 фоизро ташкил дод. Ҳоло шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Исфара, Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намудаанд.
Масъулини вобаста ба даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар давраи сипаригардида нақшаи пешбинигардидаро беш аз 97 фоиз иҷро карданд. Аз маҷмуи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун, Файзобод, Турсунзода, Ҳисор ва Варзоб иҷрои нақшаро пурра таъмин намуданд.
АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






