Ҷозеф Байден: «Зӯроварӣ бо истифода аз силоҳи отшафишон ҷомеаҳои америкоиро аз ҳам ҷудо мекунад»

Февраль 20, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Зӯроварӣ ба воситаи силоҳи оташфишон ҷомеаҳои амрикоиро аз ҳам ҷудо хоҳад кард». Дар ин хусус дар изҳороти президенти ШМА Ҷозеф Байден, ки 17 феврал чанд соат баъд аз кушта шудани 6 нафар дар яке аз шаҳрҳои Миссисипи нашр гардид, гуфта шудааст.

«Андеша ва дуо кофӣ нест, — гуфт Ҷ. Байден.- Зӯроварӣ бо истифода аз силоҳ- ин пандемия аст, Конгресс бояд аз ҳоло амал кунад».

Ӯ изҳор дошт, ки барои ШМА тағйирот даровардан ба қонун дар бораи силоҳ «дар фазои ақли солим» зарур аст, аз ҷумла талаби тафтиши ҳама уна намуди фурӯши силоҳ ва манъи силоҳи ҳамлакунанда.

Бо вуҷуди ин, аз эҳтимол дур аст, ки Конгресси ШМА ин пешниҳодҳоро қабул кунад, зеро ҷумҳурихоҳон палатаи намояндагонро назорат мекунанд ва тибқи ислоҳи дуюм ба Конститутсияи ШМА аз ҳуқуқи нигоҳдорӣ ва доштани силоҳ ҳимоят мекунанд.

Тирандоз, ки аз ӯ Ричард Дейл Крум ном бурда мешавад, пас аз оташ кушодан ба зани собиқи худ ва дигар аъзои оилааш дар се макони гуногун дар Аркабутла, шаҳраки хурд дар ҳавзаи Тейти штати Миссисипи нисфирӯзии ҷумъа ба ҳабс гирифта шуд.

Тибқи гузориши Созмони Gun Violence Archive, соли равон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка беш аз 5500 нафар дар натиҷаи зӯроварии силоҳбадастон ба ҳалокат расиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд