Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 33-юми Конфедератсияи футболи Осиё иштирок кард
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар пойтахти Баҳрайн — шаҳри Манама Конгресси 33-юми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баргузор шуд. Дар кори конгресс роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноиби аввали президенти федератсия Хуршед Мирзо, дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва сардори департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар Конгресс Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал Халифа ба муҳлати чор сол аз нав интихоб гардид.
«Мехоҳам ба ҳамаи шумо, ки барои як муҳлати чорсолаи дигар ба ман бовар кардед, ташаккур гӯям. Футболи Осиё ба давраи нав ворид мешавад», – гуфт Шайх Салмон бин Иброҳим Ал Халифа пас аз дубора интихоб шуданаш ба вазифаи президенти Конфедератсия.
Ҳамзамон Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ноиби президенти ФИФА аз Осиё шуд.
Рӯзномаи Конгресси Баҳрайн масъалаҳои интихоби ноибони президенти КФО, инчунин аъзои Кумитаи иҷроияи КФО ва Шӯрои ФИФА-ро дар бар мегирифт.
Ғайр аз ин, Арабистони Саудӣ макони баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тасдиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Арабистони Саудӣ бори аввал дар таърих мусобиқаи асосии футболи қитъаи Осиё баргузор карда мешавад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
Акс: ФФТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






