СММ барои ниёзмандони саросари ҷаҳон ба маблағи 250 миллион доллар кумаки башардӯстона ҷудо мекунад

Февраль 20, 2023 09:46

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Котиби генералии СММ Антонио Гутерриш эълон кард, ки ба фонди марказии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи СММ (CERF) ҷиҳати мадад расонидан ба осебпазиртарин афрод ва пешгирии гуруснагӣ 250 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

Мувофиқи гузориши СММ, маблағи рекордии 250 миллион доллар ба аҳолии 19 давлат, аз ҷумла Афғонистон, Буркина — Фасо, Гаити, Мали, Нигерия, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ ва Яман, ки дар ин мавзеъҳо беш аз 20 миллион нафар зери хатари гуруснагӣ қарор доранд, кумак хоҳад расонд.

Илова бар ин, ин маблағҳо барои расонидани кумаки башардӯстона дар Чад, Колумбия, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эритрея, Эфиопия, Гондурас, Кения, Лубнон, Мадагаскар, Покистон ва Судон барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рафъи тағйирёбии иқлим истифода мешаванд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд