ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, якшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2023 аст

Февраль 12, 2023 08:00

12 феврали соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сулҳ ва ризоият ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар карданд.

***

12 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе  дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла, рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 ҳунармандони беҳтарини Тоҷикистон маснуоти худро дар Намоиши байналмилалии чоррӯзаи молҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон ба намоиш гузоштанд.

12 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ.

***

Дар ШМА – Рӯзи миллии озодии ақди никоҳ.

 РӮЙДОДҲО:

 12 феврали соли 2010  дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Беларус ба имзо расид.

***

12 феврали соли 2018 масъалаи рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар муҳокима гардиданд.

***

12 феврали соли 1992 дар Алмаато Протокол оид ба барқарор намудани муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расид.

***

12 феврали соли  2010 дар шаҳри Ванкувери Канада Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ ифтитоҳ гардида, 28 феврал ба анҷом расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2010 дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка баргузор гардиданд.

Февраль 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш