ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, чоршанбе, 53-юмин рӯзи соли 2023 аст
22 феврали соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
***
22 феврали соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.
22 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии дастгирии ҷабрдидагони ҷиноят.
РӮЙДОДҲО:
22 феврали соли 2007 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд Созишнома дар бораи лоиҳаи минтақавии энергетикӣ оид ба сохтмони Хатти интиқоли барқи 220-киловатта аз НБО «Вахш» то Афғонистон (Шерхон-Бандар) ба имзо расид.
***
22 феврали соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» баррасӣ карда шуд.
***
22 феврали соли 2014 дар шаҳри Ҳошимини Ветнам маросими қуръакашии даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футзал баргузор гардид. Дар натиҷаи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» шомил гардида, ҳарифонаш дастаҳои Ветнам, Кувайт ва Ироқ муайян шуданд.
***
22 феврали соли 2018 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1886 рӯзномаи «Таймс» аввалин маротиба сархати ахбори ашрофонаро нашр намуд.