Олимон барои харобшавӣ табобати иммунӣ таҳия карданд

Февраль 4, 2023 13:02

ДУШАНБЕ, 04.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Биологҳои молекулярии испанӣ ва америкоӣ равишеро таҳия кардаанд, ки тарзи кори ҳуҷайраҳои иммунии макрофагҳоро тавре тағйир медиҳад, ки онҳо рушди манбаъҳои илтиҳобиро дар бофтаи чарбу пахш ва ба кам шудани вазн ва сатҳи қанди хун мусоидат мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи ҷумъа хадамоти матбуоти Маркази миллии пажӯҳишҳои дил ва рагҳои Испания ба номи Карлоси III (CNIC) хабар додааст.

«Мо дар ҳаёти макрофагҳо хусусияти ғайриодиеро ошкор кардем- онҳо бофтаҳоеро, ки ин ҳуҷайраҳо дар бадан зиндагӣ мекунанд, инъикос менамоянд. Онҳо қисман мефаҳмонанд, ки чӣ гуна бемориҳои музмини илтиҳобӣ инкишоф меёбанд ва инчунин онҳоро метавон барои ташкили табобатҳое истифода бурд, ки ба бадан дар мубориза бо фарбеҳӣ ва оқибатҳои метаболикии он кумак мерасонанд»,- изҳор дошт профессори CNIC Дэвид Санчо, ки суханҳои ӯро хадамоти матбуоти марказ иқтибос овардааст.

Профессор Санчо ва ҳамкасбони ӯ бо ёрии макрофагҳои «аз нав барномарезишуда»- яке аз ҳуҷайраҳои сершумор ва калонтарини системаи иммунӣ усули ғайримуқаррариеро барои мубориза бо фарбеҳӣ ва оқибатҳои мубодилаи моддаҳои рушди он таҳия кардаанд.

Тавре муҳаққиқон шарҳ медиҳанд, макрофагҳо барои мубориза бо микробҳою ҳуҷайраҳои варам масъуланд ва ба бадан кумак мекунанд, то худро аз партовҳои ҳуҷайравӣ тоза кунад. Якчанд навъҳои макрофагҳо мавҷуданд, ки баъзеи онҳо илтиҳобро рафъ мекунанд, дар ҳоле ки қисмати дигар, баръакс, ба рушди манбаъҳои таҷзияҳои музмини илтиҳобӣ мусоидат мекунанд. Рушди фарбеҳӣ бо пайдоиши чунин манбаъҳо дар бофтаи равған ҳамроҳ мешавад.

Азнавбарномарезии ҳуҷайраҳои иммунӣ

Биологҳои испанӣ ва ҳамкорони онҳо аз ШМА ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд, ки макрофагҳо дар рушди ин илтиҳоб чӣ нақш мебозанд. Барои ин муҳаққиқон омӯхтанд, ки ин ҷисмҳои иммунӣ, ки дар бофтаҳои гуногуни бадани инсон ва мушҳо мавҷуданд, ҳангоми норасоии оксиген, инчунин ҳангоми зиёд будани музминият ё набудани шаклҳои гуногуни маводи ғизоӣ чӣ гуна рафтор мекунанд.

Ин таҷрибаҳо дар мубодилаи макрофагҳо дар бофтаҳои равған ва дигар бофтаҳои бадан тафовутеро ошкор карданд, ки бо мавчуд будани навъҳои гуногуни моддаҳои ғизоӣ дар онҳо алоқаманданд. Мавҷудияти онҳо, агар аз як тараф, зуд-зуд дар бадани одамони фарбеҳ пайдо шудани манбаъҳои илтиҳоби музминро фаҳмонад, аз тарафи дигар, ба онҳо имкон медиҳад, ки рафтори макрофагҳоро барои мубориза бо фарбеҳӣ ва оқибатҳои инкишофи он идора кунанд.

Аз ҷумла, муҳаққиқон муайян карданд, ки макрофагҳои бофтаи чарбу, ки ба рушди илтиҳоб мусоидат мекунанд, ба норасоии оксиген ҳангоми мавҷудияти равғани зиёдатӣ дар бадан хеле ҳассосанд ва ин барои он намудҳои ин ҳуҷайраҳо, ки ба рафъи илтиҳоб масъуланд, хос нест. Дар назария ин имкон медиҳад, ки инкишофи фарбеҳӣ ва оқибатҳои мубодилаи моддаҳои он бо роҳи интихобан нобуд кардани навъи якуми макрофагҳо пешгирӣ карда шавад.

Бо назардошти ин идея, олимон геноми мушҳоро тавре тағйир доданд, ки макрофагҳои зиддиилтиҳобии онҳо бо нарасидани оксиген ва равғани зиёдатӣ худ ба худ нобуд мешаванд. Мушоҳидахои минбаъда нишон доданд, ки ин гуна ҳайвонот ҳангоми хӯрдани хӯрокҳои серғизо вазни хеле кам мегиранд, ҳол он ки онҳо аз диабети қанд, гипертония ва дигар оқибатҳои фарбеҳӣ азоб накашидаанд. Ба ҳамин монанд, тавре ки генетикҳо умедворанд, табобати иммунӣ ба одамоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, таъсир мерасонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 4, 2023 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд