Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Туркия ба зиёда аз 40 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари ду замиларзаи шадид, ки 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия рух дод, ба 40 642 нафар расид. Дар ин хусус 18 феврал сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (АФАД) Юнус Сезер дар нишасти матбуотӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад «Синхуа».
Бино ба гуфтаи ӯ, то шоми якшанбе корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ асосан ба анҷом мерасанд.
Корҳои таъҷилӣ ба музофоти ҷанубии Ҳатай, ки ҳафтаи гузашта аз заминларза аз ҳама бештар осеб дидааст, равона карда шудаанд, гуфт мансабдор ва илова кард, ки дар ин минтақа тақрибан 13 ҳазор корманди ҳолатҳои фавқулода (АФАД) кор мекунанд.
Юнус Сезер иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ 430 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз заминларза зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки заминларза бо шиддати 7,7 дараҷа дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷануби Туркия соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ ва баъд аз чанд дақиқа дар вилояти Ғозиёнтеппа бо шиддати 6,4 дараҷа рух дод, сипас боз соати 13:24 ба вақти маҳаллӣ дар вилояти Қаҳрамонмараш бо шиддати 7,6 дараҷа заминларза ба амал омад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






