Теъдоди маҷрӯҳшудагон бар асари заминларзаи нав дар Туркия ба 294 нафар расид

Февраль 21, 2023 09:28

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди маҷрӯҳшудагон дар натиҷаи заминларза, ки шоми 20 феврал дар вилояти Ҳатайи Туркия ба амал омад, ба 294 нафар расид. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Вазири тандурустии Туркия Фахриддин Хоҷа хабар додааст.

«Дар натиҷаи ду заминларза, ки 20 феврал дар Ҳатай рух дод, 294 нафар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, ҳолати 18 нафари онҳо вазнин аст, пас аз дахолати аввалини тиббӣ онҳоро тавассути ҳаво ва замин ба Одоно ва Дёртйол бурданд. Беморхонаҳои саҳроӣ дар ҳама ноҳияҳо ба беморони мо хизмати зарурӣ мерасонанд», — иттилоъ дод Вазир дар Twitter.

Ёдовар мешавем, ки 20 феврал дар ноҳияи Дафнаи вилояти Ҳатайи Туркия заминларза бо шиддати 6,4 дараҷа ба қайд гирифта шуд. Баъдтар боз як заминларза бо шиддати 5,8 дараҷа рух дод. Дар ҷанубу шарқи Туркия хонаҳо хароб шуданд. Заминларза дар Сурия, Лубнон, Исроил, Урдун, Ироқ ва Фаластин низ эҳсос гардид.

Ҳукумати Туркия аввал эҳтимоли хатари болоравии сатҳи обро дар баҳр эълон кард, аммо баъдтар эҳтимоли ба вуҷуд омадани тӯфон рад карда шуд.

Мувофиқи маълумоти охир, дар натиҷаи таконҳои охирини зеризаминӣ дар Туркия 3 нафар ҳалок ва 213 нафар маҷрӯҳ шуданд. ВАО дар бораи панҷ нафар ҳалокшудагони заминларзаи нав дар Сурия хабар додаанд.

Дар маҷмӯъ, шумораи ҳалокшудагони заминларзаи 6 феврал дар Туркия аз 41 ҳазор нафар гузашт.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: aa.com.tr

Февраль 21, 2023 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид