«Телевизиони Сафина» дар ҳамкорӣ бо студияи «Hong Pictures»-и Корея филми мустанади муштарак ба навор мегирад

Февраль 8, 2023 16:27

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 57 барнома дар жанрҳои гуногун омода карда шуда, ҳамзамон аз ҷониби идораи таҳия ва дубляжи филмҳо шаст филми бадеӣ дар мавзӯъҳои гуногун тарҷумаву дубляж ва пешниҳоди бинандагон гардонида шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар соли 2022 коргардони ҷавони муассиса Усмон Юсуфов филми бадеии «Ситора»-ро бо давомнокии 1 соату 10 дақиқа наворбардорӣ намуд. Нахустнамоиши филми мазкур рӯзҳои наздик доир карда мешавад. Ғайр аз ин кормандони қисми идораи таҳия барномаҳои «Қисмат» ва «Ёддошт»-ро дар 20 нашр пешкаши бинандагон гардониданд.

Дар идомаи нишаст баён карда шуд, ки ҳамкории «Телевизиони Сафина» бо шабакаҳои телевизионии хориҷӣ сол то сол тақвият меёбад. Аз ҷумла, шабака дар ҳамкорӣ бо телевизиони давлатии «KBS»-и Ҷумҳурии Корея дар бораи тарзи ҳаёти «Бабри барфӣ» филми мустанад таҳия намуд, ки тариқи телевизион пахш гардид.

Ҳамзамон давоми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо студияи «Hong Pictures»-и Корея ба навор гирифтани филми мустанади муштарак оид ба ҳаёти қутосҳои ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти нодир дар нақша аст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад