ТОҶИКИСТОН ВА ИМКОНОТИ ТРАНЗИТИИ ОН. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Февраль 1, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони пеш аз соҳибистиқлолӣ минтақаҳои ҷумҳурӣ, махсусан вилоятҳои Суғду Бадахшон бо пойтахти мамлакат танҳо роҳи мавсимӣ доштанд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар фаслҳои зимистон аксаран тавассути давлатҳои ҳамсоя ба пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе рафту омад мекарданд. Ҳамчунин баробари аз байн рафтани давлати шӯравӣ мавқеи геополитикии ҷаҳон низ тағйир ёфт ва Тоҷикистон, ки роҳҳои байналмилалӣ надошт, бо ҳолати ногувор рӯ ба рӯ гардид. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо назардошти имконоти бузурги транзитии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакатро таҳия намуд, ки он марҳила ба марҳила татбиқ гардид. Ин, пеш аз ҳама, имконият дод, ки ҷумҳурӣ дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя роҳ пайдо намуда, ба тиҷорати байналмилалӣ пайваст шавад ва барои рафтуомади сокинону меҳмонон дар дохил ва хориҷи мамлакат шароит фароҳам гардад. Чунин ибрози назар намудааст Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид КОМИЛБЕК дар мақолаи хеш бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расид.

— Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати кӯҳсор мебошад, ки 93 фисади ҳудуди онро кӯҳҳои сарбафалак ташкил додаанд ва имконияти ба баҳр баромадан надорад. Дар пасманзари геополитикии олам Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Бо давлати бузург — Чин дар шарқ ва бо Афғонистон дар ҷануб сарҳади тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат ба ин минтақа зиёд буд.

Бо назардошти чунин омилҳо аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бунёди роҳҳо, баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба давлати транзитӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муайян намуданд.

Дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурии мо имконияти бузурги транзитӣ, яъне аз қаламрави мамлакат гузаштани долонҳои байналмилалӣ мавҷуд аст. Дар замони се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ аксарияти роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд гардиданд ва кор дар қитъаҳои алоҳида босуръат идома дорад.

Яке аз қадамҳои нахустин дар самти роҳсозии мамлакат бунёди роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб ва роҳи автомобилгарди қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихуб-Хоруғ-Кулма буданд, ки барои ҷумҳурӣ аҳамияти бузурги стратегӣ ва ҳаётан муҳим доштанд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ қариб акасарияти роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан аз нав лоиҳакашӣ ва таҷдид гардиданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нишондиҳандаҳои соҳаи роҳу нақлиёти мамлакатро ба таври муфассал таҳлил гардида, таъкид шуд, ки «… имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст, ки барои ба давлати дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад».

Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаи хумб–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зиддитармавӣ дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд. Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад. Давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

То ба имрӯз дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои бузург ба анҷом расонида шуданд, ки онҳоро метавон ба таври зерин нишон дод: роҳи байналмилалии Душанбе-Бӯстон-Чаноқ- сарҳади Узбекистон бо сохтани ду нақб- «Истиқлол» ва «Шаҳристон», ки имконияти рафтуомади шаҳрвандонро ба таври доимӣ ба вилояти Суғд фароҳам овард. Баъдан роҳи байналмилалии Душанбе-Айнӣ-Панҷакент- сарҳади Узбекистон, роҳи байналмилалии Душанбе-Бохтар-Панҷи поён- сарҳади Афғонистон, роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма- сарҳади Чин, сохта ва ба истифода додани қитъаҳои Душанбе-Данғара бо ду нақб: “Хатлон” ва “Озодӣ”, Кӯлоб-Калъаихумб бо як нақб- “Дарвоз”, оғози корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Қалъаихум-сарҳади Рӯшон ва корҳои лоиҳакашӣ дар қатъаи Рӯшон- деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон, роҳи байналмилалии Душанбе-Лахш- сарҳади Қирғистон, роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат-Ёвон бо нақб, 6 пул аз болои дарёи Панҷ, ки давлати моро бо Афғонистон мепайванданд, сохта, мавриди исифода қарор дода шуданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо ба истифода додани қитъаҳои мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба давлати транзитӣ табдил меёбад. Дар баробари ин якчанд роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ин давра дар вилоят дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва сохтмони биноҳои бисёрошёна, инчунин роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба истифода дода шуданд, ки ба беҳтар гаштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид.

Тавре гуфта шуд, роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма- сарҳади Чин маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила аз нав таҷдид карда шуд. Қитъаи Шоҳон-Зиғари ноҳияи Дарвоз, ки мавзеи вазнинтарини он бо номи Девдара маълум буд, ба Гулдара табдил дода шуд, ки имконияти рафтуомади сокинони вилоятро бо пойтахти мамлакат дар тамоми фасли сол таъмин намуд.

Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Қалъаихумб- сарҳади Рӯшон бо маром идома доранд. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он роҳ 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмӯъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа қариб 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.

Дар асоси лоиҳа дар ин масир корҳои ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 адад долон бо дарозии 601 метр, ду нақб ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст. Корҳои лоиҳакашӣ дар қитъаи Рӯшон- Вашези ноҳияи Шуғнон оғоз гардида, бо анҷоми лоиҳакашӣ корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз меёбанд. Тибқи нақша, то соли 2026 роҳи байналмиллии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма пурра навсозӣ мегардад.

Тибқи баҳогузории созмонҳои байналмилалӣ, дар соҳаи сифати роҳсозӣ Тоҷикистон дар байни давлатҳои минтақа ҷойи намоёнро ишгол менамояд.

Амид КОМИЛБЕК,
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ
ба номи М. Назаршоев

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 1, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?