««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври аввали озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 16 феврал бо ширкати васеи омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантону докторантон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» оғоз шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбарияти Донишгоҳ таъкид намуд, ки бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад.
Дар ҷамъомад аз иқдоми бузургу шоиста ва мондагори Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба китобхониву донишандӯзӣ ва омӯзиши таърихи миллати тоҷик ёдовар шуда, масъулин иброз доштанд, ки роҳандозии чунин озмунҳо дари ганҷинаҳои нуҳуфтаи илмро ба рӯи донишомӯзону муҳаққиқон боз менамояд.
Сипас, ҳайати ҳакамон, ки аз олимони соҳибтаҷрибаи соҳа иборат буд, муаррифӣ шуда, даври аввали озмун бо иштироки донишҷӯёни факултети забони англисӣ шурӯъ гардид.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»- ин арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва шинохти бештари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






